Настяи 20-сола чаро худкушӣ карданӣ буд?
Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мухамедянова Настяи 20 сола рӯзи 6 декабр бо мақсади худкушӣ худро дар мавзеи Обитобгоҳи назди тарабхонаи Боғи Ирам ба дарёи Сир партофтааст. Н.Мухамедянова истиқоматкунандаи маҳаллаи 33 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мебошад. Баъди гирифтани хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд бо сардории Ҳотам Раҷабов ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ғаввосони ситоди шаҳри Хуҷанд хизматчӣ Тоир Юлдошев ва Денис Волинчиков бо истифода аз лавозимоти соҳавӣ зери об даромада, бо кӯшишу заҳматҳои зиёд Настяро аз об бароварданд.
Ҳоло вазъи Настя хуб буда, таҳти назорати волидон қарор дорад.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти КҲФ МГ Ориф Нозимов сабабҳои ба худкушӣ даст задани Настяи 20 сола то ҳол маълум нестанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






