Навраси тоҷик дар Челябинск мардеро аз ғарқшавӣ наҷот дод
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Як навраси 15-солаи тоҷик дар шаҳри Киштими вилояти Челябинск мардеро, ки дар дарё ғарқ мешуд, наҷот додааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ, ин корнамоии навраси тоҷик барои дарёфти медали “Барои наҷоти ғарқшудагон” пешниҳод гаштааст.
Дар баробари пешниҳод ба медали “Барои наҷоти ғарқшудагон”, инчунин вазорати маориф ва илми вилояти Челябинск якҷоя бо маъмурияти шаҳри Киштим масъалаи додани ҳаққи шаҳрвандии Русия ба хонаводаи ин наврасро баррасӣ мекунанд.
Шукруллои Ғиёсзода рӯзи 16 декабр ҳангоми ба дарс рафтан аз дарё садои «ёрӣ диҳед»-ро шунида, мебинад, ки марде ғарқ шуда истодааст. Ӯ зуд ба ёрии ин мард шитофта, ӯро аз ғарқшавӣ наҷот додааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






