Неруҳои махсуси Ироқ 40 узви «Давлати исломӣ»-ро боздошт карданд
Душанбе, 25.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Хадамоти махсуси Ироқ дар ҷараёни як амалиёти густурда 40 узви гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро боздошт намуд. Дар ин бора «France-Presse» иттилоъ медиҳад. Ин амалиёти зиддитеррористӣ дар вилоятҳои Бағдод ва Диёло сурат гирифт.
«Шумораи зиёди воситаҳои тарканда, камарбандҳои худкушӣ, воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба террористон, инчунин миқдори зиёди пул, ки барои маблағгузории фаъолиятҳои ҷиноӣ истифода мешуд, мусодира гардид», — иқтибос меорад агентӣ аз изҳороти мақомоти қудратии Ироқ.
Қувваҳои мусаллаҳи Ироқ рӯзи сешанбе барои озод кардани маркази шаҳри Эр-Рамади дар вилояти Анбор аз неруҳои ДИ амалиётро оғоз карданд. Неруҳои ҳукуматии Ироқ ният доранд тайи чанд рӯз ин шаҳрро пурра озод кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






