Нигоҳдории анъанаҳо ва фарҳанги маънавии осетинҳои Тоҷикистон
Душанбе, 04.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Нигоҳдории анъанаҳо ва фарҳанги маънавии осетинҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»- оид ба ин мавзӯъ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид, ки он аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии осетинҳои Тоҷикистон «Иристон» бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ташкил шуд.
Дар чорабинӣ нақши назарраси ташкилоти ҷамъиятии «Иристон» дар тарғиб намудани фарҳанги ғании осетинӣ зикр шуд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Иристон» Зарифа Гуссаова ба меҳмонон дар бораи анъанаҳои фарҳанги Осетия, беҳтарин намояндагони илм, инчунин оид ба рушди варзиш дар Осетияи муосир маълумот дод. Инчунин дар бораи қоидаҳои идҳои осетинӣ ва дигар анъанаҳои ин мардум сухан гуфтанд.
Ба меҳмонон либосҳои миллии сетинӣ, ашёи хона ва асбобу анҷоми ошхона намоиш дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






