Оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба чорводуздон

Декабрь 24, 2015 06:58

Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). —  23 декабри соли равон, тахминан соати 24:00 шахсони  номаълум  бо  роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи сокини 50-солаи ноҳияи Қубодиён гардида, аз он ҷо 20 сар чорвои хурди шохдорро, ки арзишашон 20000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздии чорвои мазкур сокини 38-солаи ноҳияи Шаҳритус дастгир шуд. 
Ҳамчунин дар ин рӯз дуздии як сар чорвои калони шохдор, ки моҳи июни соли 2014 аз дохили оғилхонаи сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат дуздида шуда буд, ошкор гардид. Муайян карда шуд, ки чорвои мазкур, ки арзишаш 4400 сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби ду сокини 30 ва 22-солаи шаҳри Ваҳдат дуздида, фурӯхта шудааст ва онҳо маблағи ба дастовардаашонро ба манфиати худ сарф намудаанд. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 24, 2015 06:58

Хабарҳои дигари ин бахш