ҶОМИ КФО-2016: «Хуҷанд» бо «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин бозӣ мекунад
Душанбе, 7.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ноиби чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2016 дар бозии плей-офф барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 бо бошгоҳи футболи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин рақобат мекунад. Бозӣ 9 феврали соли оянда дар Фаластин баргузор мешавад. Дар сурати ғолиб шудан, дастаи соҳили Сирдарё ба гурӯҳи «D»-и мусобиқа ҳамроҳ мешавад.
Дар бозиҳои дигари плей-оффи ин мусобиқа «Ал-Халид»-и Баҳрайн дар майдони худ бо «К-Электрик»-и Покистон, «Триполи»-и Лубнон бо «Олой»-и Қирғизистон ва «Ал-Ваҳда»-и Сурия бо дастаи ҷои дуюми чемпионати Туркманистон рӯбарӯ мешаванд.
«Истиқлол»-и Душанбе, ки имсол то финали Ҷоми КФО расид, дар мавсими нави ин сабқати байналмилалӣ баромадашро аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунад. Ба ғайр аз «Истиқлол», баромадро аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар минтақаи «Ғарб» бошгоҳҳои футболи «Нафит Ал-Васат» ва «Эйр Форс»-и Ироқ, «Ал-Веҳдат» ё «Ал-Ҷазира» (дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёфтани «Ал-Веҳдат») ва «Ал-Файзалӣ»-и Урдун, «Ал-Оруба» ва «Фанҷа»-и Уммон, «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Ал-Аҳад»-и Лубнон, «Ал-Ҷайш»-и Сурия, «Ал-Дхариа»-и Фаластин ва «Алтин Асир»-и Туркманистон шурӯъ мекунанд. Чор дастаи марҳилаи плей-офф ба ин дастаҳо ҳамроҳ мешаванд. Ба ин тартиб 16 даста чор квартети чор дастагиро ташкил мекунанд.
Дар минтақаи «Шарқ”-и Ҷоми КФО-2016 бозиҳои марҳилаи плей-офф доир намешаванд. 16 дастаи ин минтақа аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ гурӯҳҳои «E», «F», «G» ва «H»-ро ташкил медиҳанд. Инҳо бошгоҳҳои футболи «Китчи» и «Саут Чайна» (ҳар ду аз Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» ё «Яданарбон» (дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпинҳо роҳ ёфтани «Янгон Юнайтед») ва «Айеявади» (ҳар ду аз Мянма), «Ҷаҳор Дарул Такзим»-и Малайзия, «Мохун Баган» ва «Бенгалуру» (ҳар ду аз Ҳиндустон), «Тампинес Роверс» ё «Уорриорс» ва «Балесте Халса» (ҳар ду аз Сингапур), «Ню Радиант» ва «Мазия» (ҳар ду аз Молдив), «Тсерес» ва «Кайя» (ҳар ду аз Филиппин), «Лао Тойота» (Лаос) ва «Шайх Ҷамал Дханмонди» (Бангладеш) мебошанд. Боз як дастаи иштирокдор дар минтақаи «Шарқ» дастаи ҷои дуюми Малайзия мешавад.
Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рӯзи панҷшанбеи 10 декабр дар Куала-Лумпури Малайзия доир мегардад.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар муҳлатҳои зерин мегузаранд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).
Бозиҳои марҳилаи 1/8 финалӣ рӯзҳои 24-25 май, бозиҳои чорякфиналӣ — 13-14 сентябр (бозиҳои якум) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозиҳои ниманиҳоӣ — 27-28 сентябр (бозиҳои якум) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ) доир мешаванд. Бозии финалии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 5 ноябр баргузор хоҳад шуд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






