«Омилҳои устувори оила»-конфронси илмӣ-амалӣ дар Донишкадаи исломӣ
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 3-юми декабр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба соли 2015- соли оила конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва нафарони фаъоли ҷомеа иштирок карда, сухан гуфтанд.
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин баён намуд, ки зиёд шудани ҷинояткорӣ ва ноамнӣ дар ҷомеаҳо ва умуман дар дунёи имрӯза бо таваҷҷуҳ ба робитаи ҷинояткорӣ бо ҳаёти оилавӣ аз он дарак медиҳад, ки вазъияти оила ва оиладорӣ дар дунё хеле номуносиб ва хатарнок шудааст. Аз он ҷое, ки мо дар ҷомеаҳои пешрафтаи саноатӣ ва шаҳршиносӣ омори бештари ҷиноятхоро мушоҳида мекунем, чунин натиҷа ба даст меояд, ки вазъияти оилаҳо маҳз дар чунин муҳитҳо нохушояндтар аст.
Бояд гуфт, ки конфронс ҳоло идома дорад ва дар назар астдар он доир ба масъалаҳои «Нақши зан ва шавҳар дар ташкил намудани оилаи солим (аз нуқтаи назари қонунгузории муосир ва шариат)», «Оилаи солим ва масоили ҳуқукӣ» «Омилҳои устувори оила» ва дигар масъалаҳои барои оиладорӣ муҳим баррасӣ шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






