Ҷонибдорӣ аз шахсияти комилу арзанда

Декабрь 16, 2015 04:46

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирўз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун  вохӯрии масъулини сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ дар доираи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» доир гардид. 
Дар вохӯрӣ атрофи хизматҳои шоёну ибратомўз ва нотакрори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ сурат гирифта, ҷавонон аз қабули қонуни мазкур, ки саривақтиву муҳим аст, ҷонибдорӣ ва ҳамовозии хешро иброз намуданд. Таъкид гашт, ки воқеан хизмату талошҳои Президенти кишвар, ки имрўз чун чароғ равшангари роҳи фардои насли наврасу ҷавон дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ҳар яки моро илҳом ва рўҳияи тоза мебахшад. Хизмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дирўзу имрўз ва фардои кишвар ва ҳаёти сокинони онро дурахшон ва ба роҳи фардоиён ҷилои созандагӣ бахшидааст.
Бемуҳобот Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбар, шахсияти арзандаву  комил  ва пешвою кордон дар арсаи сиёсату ваҳдат ва созандагиву бунёдкорӣ корҳоеро ба анҷом расонид, ки таърих шоҳиди онҳост. 
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Фирдавсӣ Табарзода Ҷамшед Афзал,  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидов ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода,   бо ҷавонони пойтахт дар атрофи қабули   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»  суҳбати судманд анҷом доданд. Ҷавонони пойтахт аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, якдилона иброз доштанд, ки: «Мо ҷавонони пойтахт  дар қатори дигар ҷавонони кишвар пайрави Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонем».

 

 

Декабрь 16, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд