Ҷонибдории Шӯрои ҷамъиятӣ аз қабули қонун дар бораи Пешвои миллат
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки дар он фаъолияти Шӯро дар соли 2015 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар қатори масоили баррасишаванда, инчунин аъзои Шӯро мавзӯи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро низ муҳокима намуда, онро амри зарурӣ ва саривақтӣ номиданд.
Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки аъзои Шӯро якдилона аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ҷонибдорӣ намуда, онро таърихию тақдирсоз унвон карданд.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки хизматҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати сартосарӣ, рушди тамоми соҳаҳо, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ басо калон буда, арзандаи чунин унвони олист.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани унвон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, ин унвони олиро ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






