Ғорат намудани телефони қимматбаҳо
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 22 декабри соли равон, тахминан соати 14:30 шахси номаълум дар назди кӯчаи Испечаки пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ як телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро, ки арзишаш 3000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 23 декабр пас аз роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини24-солаи ш. Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир гардид. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






