Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дар Тоҷикобод
Душанбе, 28 .12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Сардори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Меҳринисо Гадоева бо сардори шуъбаи амнияти ноҳия Нодиршоҳ Достиев дар ҳудуди се ҷамоати ноҳия бо ҷавонон ва падарону модарон оид ба шомил нагардидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Дар вохӯриҳо директорони муассисаҳо, раисони деҳаҳо, имомхатибон ва раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд.
Вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мудири бахши кор бо занон ва оила М. Гадоева аз модарон даъват ба амал овард, ки аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар Федератсияи Русия ҳастанд, ба воситаи телефон пайваста бохабар бошанд, зеро имрӯз ҷавонони моро аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бо макру ҳила ва ваъдаҳои бардурӯғ фирефта месозанд.
Чунин вохӯриҳо аз тарафи шуъбаву бахшҳои дахлдор идома доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






