Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар Суғд
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дар ин замина баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тасмим гирифтааст, ки дар ин самт силсилаи чорабиниҳоро доир намояд.
Чанде пеш бо ширкати кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд — сардори шуъбаи тафтишотӣ, Ашӯрбой Сидиқов ва Дилдор Шамсидинов ва донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст филми мустанад аз ҳаёти ҷангиёни Сурия нишон дода шуд, ки он аз бераҳмию даҳшатафкании гурӯҳҳои ифротӣ нақл мекард. Сипас аз ҷониби донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ саҳначае аз рӯзгори як оилаи тоҷик нишон дода шуд.
Ашӯрбой Сидиқов дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла “Салафия” маълумот дода, аз риояи танзими расму оинҳо дар тӯю маъракаҳо, истифодаи телефонҳо дар вақти дарс, бо мошин омадан ба машғулият сухан карда, ҷавононро даъват кард, ки барои баланд бардоштани маънавиёт талош варзанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






