Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ
Хуҷанд, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии маърифатию тарбиявӣ дар мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ» ва дигар намудҳои ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Бахтовар Нарзиев, сарнозири хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД-и вилоят Шуҳратҷон Абдуллозода намояндаи РАНМН, Фахриддини Аваззод, нозири калони супоришҳои махсуси Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,- намояндаи БДА РВКД ва дигарон иштирок намуданд.
Бахтовар Нарзиев, Шуҳратҷон Абдуллозода ва Фахриддини Аваззод вобаста ба самти фаъолияташон маълумоти муфассал дода, аз донишҷӯён даъват намуданд, ки ба таҳсили хубу аъло машғул гардида, аз даст задан ба амалҳои номатлуб ва кирдорҳои зишт худдорӣ намоянд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






