Рӯзномаи «Wen Wei Po»-и Гонконг як саҳифаи пурраашро ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-25 акс аз ҳаёт ва фаъолияти бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои маъруфтарин рӯзномаи Сянгана — Wen Wei Po нашр шуд.
Муаллифи мақола дар бораи Тоҷикистон, дар бораи «канораи кӯҳҳои сар ба фалак, барфҳои ҷовидонаи зери нури офтоб», дар бораи тамаддуни халқи тоҷик ва роҳбари он, ки ӯро дар Чин дӯсти бузург ва боэътимод меноманд, нақл мекунад. Ҳамчунин дар бораи муносибатҳои стратегии муваффақона рушдкунандаи Тоҷикистону Чин, к пас аз аввалин сафари давлатии Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар моҳи сентябри соли 2014 такони нав касб кард, ибрози назар шудааст..
Муаллиф ёдовар мешавад, ки соли 2016 Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. «Тайи ин солҳо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои онро пушти сар карда, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас комёб шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кард», — қайд мешавад дар шарҳи мақола.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






