Раҳпаймоии сокини Кӯлоб ҳамчун рамзи ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат
Кӯлоб. 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо доир намудани роҳпаймоии тантнавӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷонибдории хешро нисбати унвон гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» баён доштанд. Аз ҷониби Парлумони кишвар Қонуни мукамал «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»» унвон кардани фарзанди содиқи Ватан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба тавсиб расид, ки руҳияи тамоми шаҳрвандони дохилию бурунмарзиро боз ҳам баланд бардошт. Баромадҳои пурмуҳтавои ин шахсияти барҷастаи олами сиёсат аз минбарҳои баланд бори дигар шахсияти таърихии нотакрорро бозгӯ месозад. Маврид ба қайд аст, ки ҳадафи аслиии қабули Қонуни мазкур арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармарди фарҳангдӯсту раиятпарвар ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати шинохташудаи миллӣ дар арасаи ҷаҳон имрӯз дар оғози марҳилаи нав, хеле муҳим, ҳассос, ва ҳалкунанда қарор дорад. Бори дигар мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ тасдиқи ҳамаҷонибаи хешро дар ҷараёни ҳамоиши тантанавӣ бозгӯ сохтанд. Шиору навиштаҷотҳои даъватӣ ва баланд бардоштани Парчами миллӣ нишонаи он буд, ки мардуми Кӯлоб бо иродаи қавӣ ва рисолати бузурги Пешвои миллат боварӣ доранд ва ҳамеша пуштибони сиёсати имрӯзаи сарвари давлатанд. Иштирокчиёни роҳпаймоӣ таҳти шиори «Зиҳӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мавқеи худро бо як руҳияи баланди шикастнопазирӣ маълум карданд. Арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи ин гуна афрод рисолати аслии гузаштагони миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки пешниҳоди ин унвон ба Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии гуфтаҳои болост.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






