«Реал» номзадии сармураббии навро муайян кард
Душанбе, 29.12.15 (АМИТ («Ховар»).- «Дастаи Шоҳона» ба наздикӣ метавонад бо Рафаэл Бенитес ҳамкориро қатъ кунад. Реал Мадрид метавонад сармураббии навро ба даст орад. Ба ивази мураббии кунунии дастаи «Реал» Рафаэл Бенитес бояд ёвари ӯ Зинедин Зидан гардад.
Хабарнигори бонуфузи футбол Танкреди Палмери тасдиқ мекунад, ки дастаи Шоҳона ҳамчунин номзадии собиқ мураббии «Челси» Жозе Мауриниро баррасӣ хоҳад кард. Аммо роҳбарияти даста ба Жозе Мауринио пешниҳод накардааст, Палмери дар сафҳаи «Twitter»-аш менависад. Қаблан Палмери хабар дода буд, ки дар Мадрид мураббии нави дастаи «Реал»-ро интихоб кардаанд. Интизор меравад, ки дастаи «Галактикос» то Соли нав номи ҷойгузини Бенитисро эълон хохад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






