САҲА эъломияи пешниҳоднамудаи Русияро оид ба мубориза бар зидди терроризм қабул кард
Душанбе, 05.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои САҲА эъломияи ниҳоии пешниҳоднамудаи Русияро оид ба мубориза бар зидди терроризм қабул карданд, иттилоъ медиҳад «РИА Новости» бо такя ба намояндаи доимии Русия дар ин созмон Александр Лукашевич.
А. Лукашевич афзуд, ки дар ҷаласаи конфронси вазирони САҲА дар Белград гуфтушунид баргузор шуд, ки он зарурати як сӯ гузоштани ҳамаи он чизеро, ки ба мубориза бар зидди терроризм иртибот надорад, тасдиқ намуд.
Дар мавриди он ки кишварҳои узви САҲА ба мубориза бар зидди терроризм такя мекунанд, вазири корҳои хориҷии Сербия, раисикунанда дар САҲА Ивитса Дачич низ суханронӣ кард. «Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроташ, аз ҷумла, падидае, ба монанди ҷангиён-террористони хориҷӣ зоҳир шуд. Ҳамчунин ба мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароӣ, ки метавонад ба терроризм оварда расонад, диққати махсус дода шуд», — таъкид дошт ӯ.
Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров оид ба қабули эъломияи мазкур сухан гуфта, изҳор дошт, ки: «зарур аст ҳамаи он чизеро, ки ба мубориза бар зидди терроризм иртибот надорад, махсусан он чизеро, ки ба он монеъ мешавад, як сӯ гузорем».
Ҷаласаи вазирон 3-4 декабр дар Белград баргузор гардид. Бино ба иттилои САҲА, дар ин ҷаласа беш аз 40 вазири корҳои хориҷӣ ва садҳо дипломати воломақом аз 57 кишвари иштирокдори ин созмон иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






