Сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Исломобод
Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 декабри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов барои иштирок дар кори Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё- Раванди Истанбул» ба шаҳри Исломобод сафар кард.
Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои як силсила кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур пешбинӣ шудаанд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи конфронси мазкур Эъломияи Исломобод зери унвони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул: тавсеаи ҳамкорӣ барои мубориза бар зидди чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар минтақаи Қалби Осиё» қабул мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






