Сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои миллат амри зарурист

Декабрь 10, 2015 10:31

Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Сокинони вилояти Суғд дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҷонибдорӣ ва андешаҳои хешро баён карданд.

Мо ҷонибдор ва дар канори Пешвои миллат — асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон ҳастем

Музаффар Юнусов, котиби матбуотии раиси вилояти Суғд:

Дар ҳақиқат хизматҳои Сарвари давлати тоҷикон дар пешбурди соҳаҳои гуногун хеле назаррас буда, имрӯз  кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи хоса дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳое, аз қабили терроризму ифротгароӣ ба аҳли башар таҳдид мекунанд, сарҷамъии миллати мо ва пойдории сулҳу ваҳдат амри зарурӣ аст. Дар оғози Истиқлолияти худ Тоҷикистон бо дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва ҳазорҳо нафар бехонаву дар ва бесаробон монданд, теъдоди зиёди сокинон қурбони ин ҷанги таҳмилӣ шуданд. Маҳз хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун шуд ва миллати парокандаи тоҷик дубора соҳибватан гардид. Миллат ҳеҷ гоҳ чунин қаҳрамонии фарзандонашро фаромӯш намекунад. Хизматҳои шабонарӯзии ин марди бузург аст, ки мардуми тоҷик дар фазои орому осуда ва мамлакати дар ҳоли рушд зиндагӣ дорад. Мо ҷонибдор ва дар канори Пешвои миллат — асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон ҳастем!

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ёди миллат нахоҳанд рафт

        Озифхон Шарифзода, мудири Шуъбаи энергетика ва саноати

дастгоҳи раиси вилоят:

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири таърихӣ аст. Хизматҳои ӯ барои барқарории сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромӣ дар Тоҷикистони мустақил аз ёди ҳеҷ як сокини бедори кишвар нахоҳад рафт. Ин роҳбари хирадманд дар замоне сари қудрат омад, ки Тоҷикистон дар миёни обу оташ монда буд ва миллат воқеан ба чунин як шахсият ниёз дошт. Бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ барои барқарории тинҷиву оромии мамлакат талош карда, миллати парокандаро сари дастархони оштӣ оварда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллати гирифтори ҷанг ваҳдату субот ва амнияту истиқлол овард. Мо аз доштани чунин як пешвои шинохташудаи сатҳи ҷаҳонӣ воқеан ифтихор дорем.

Хандаи модару табассуми  кӯдак аз баракати Ваҳдат аст

Нодира Мирзозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят:

Имрӯз ба кадом гӯшаи Тоҷикистон ки равем, садои гиряи кӯдаку хандаи модар ба гӯш мерасад. Ин маънои онро дорад, ки дар кишвари офтобрӯяи мо Худованд дастархони лутфу марҳамати худро боз кардааст ва дигар он рӯзҳои шум аз сари миллат дур шудаанд. Ҳар як тоҷике, ки заррае виҷдон дар бадани худ дорад, хуб медонад, ки асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст. Миллат бояд даври ин шахсияти камназир ҷамъ шавад ва дар пойдории сулҳу амонӣ саҳми шаҳрвандии худро гузорад.

Дар паҳлӯи Пешвои миллат истода Ватанро обод мекунем

Тоҳир Қудратов, сардори Идораи сохтмони асосии вилоят:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳое, ки барои миллати тоҷик анҷом дод, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик сабти ном шудаву хоҳад шуд. Зери роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳазорҳо корхонаҳои нави саноатӣ сохта шуда, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шуд. Имрӯз дар ҳар як минтақаи ватани мо корҳои бунёдкорӣ ҷараён доранд ва тоҷикон дар паҳлӯи Пешвои миллат  барои боз ҳам обод гардидани мамлакат заҳмат мекашанд. Дар ҳақиқат мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҳастем ва аз қонуни қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон дар бораи Пешвои миллат истиқбол мегирем.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ аст

Бахтовари Муҳаммад, донишҷӯ:

Мо, сокинони вилояти Суғд борҳои шоҳиди он гардидаем, ки Эмомалӣ Раҳмон як марди хоксор ва доимо миёни халқ аст. Зимни сафарҳои корӣ ба вилоят Эмомалӣ Раҳмон ҳатман бо мардуми касбу кори гуногун мулоқот анҷом медиҳад ва арзи дили онҳоро гӯш мекунад. Барои дастгирии ниёзмандон, камбизоатон, маъюбону ятимон диққати махсус медиҳад ва ҳамеша дар паҳлӯи халқи меҳнаткаш меистад. Ин далели он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ аст ва доимо бо халқ аст. Сафарҳои кории Сарвари давлат дар вилоят бо як шукӯҳи хосса мегузаранд ва ҳамзамон иншооти гуногуни барои мардум муҳим ифтитоҳ мешавад, ки ин, албатта, нишони пешравӣ ва таҳкими сулҳу субот аст.

                                                      

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Декабрь 10, 2015 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад