Семинар оид ба технологияи бунёд, башаклдарорӣ ва парвариши боғҳо дар Ёвон

Декабрь 10, 2015 12:23

Ёвон, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Дар  ноҳияи Ёвон оид ба технологияи бунёд, башаклдарорӣ  ва  парвариши боғҳо  семинар баргузор гардид, ки он аз қисми амалӣ ва  назариявӣ иборат буда,  дар  доираи семинар  иштирокдорон   бо  техникаи кишоварзӣ бо иштироки роҳбарияти КВД  «Тоҷикагролизинг»  дар  ЧДММ  шинос  шуданд. Дар кори ҷаласа Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон,  Ҳ. Назаров, директори Институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ, С. Гулов, директори маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС, И. Шоев, директори КВД «Тоҷикагролизинг», Н. Табаров, сардори Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, М. Ормонов, сардори муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои кишоварзӣ, масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ иштирок намуданд.
Семинар оид ба истифодаи самараноки  замин, парвариши ниҳолҳо ва аз ҷиҳати сифату серҳосилӣ ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯз буда, иштирокдорон аз он барои такмили боғдорӣ ва парвариши меваҳои ситрусӣ, сохтмони гармхонаҳои доимӣ аз масъулину мутахассисони соҳа дар илму амал баҳравар гардиданд.

 

 

 

Декабрь 10, 2015 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд