Семинари омӯзишӣ дар Раёсати ВКД
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварии назди Президенти ҶТ дар бинои маъмурии Раёсати ВКД дар шаҳр Душанбе семинари омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳрӣ ва дастгоҳи марказии раёсат шаркат варзиданд.
Тибқи иттилои АНМН семинари мазкур дар чорчӯбаи нақшаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва истеъмоли воситаҳои нашъадор ташкил шуд.
Чунин семинарҳо дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Шаҳринав, инчунин ш. Турсунзода гузаронида шуданд.
Дар семинарҳои омӯзишии баргузоргардида ба кормандони милиса иттилоот оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ ва минтақа, масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, қонунгузорӣ, истилоҳоти вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар, намудҳои нави маводи нашъаовар пешкаш гардиданд.
Дар семинари омӯзишии мазкур зикр гардид, ки имкониятҳо ва дараҷаи ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд босуръат баланд бардошта шавад, то ки роҳи зиёдшавии ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар гирифта шавад. Аз ҳамин лиҳоз, доштани маълумоти пурра дар бораи маводи нашъаовар, вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа муҳим мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






