Сергей Шойгу шумораи террористони Сурия ва Ироқро эълон кард

Декабрь 11, 2015 12:45

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба гуфтаи вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, шумораи террористони Сурия ва Ироқ беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Хавфи паҳншавии онҳо ба Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, — иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «Русия 24». 
«Минтақаи таъсири «Давлати исломӣ» васеъ гардида истодааст. Тақрибан 70%-и қаламрави Сурия ва аксарияти минтақаҳои Ироқро ҷангиён ишғол кардаанд. Шумораи террористон беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Хавфи гузариши онҳо ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вуҷуд дорад», — гуфт вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Русия.

Декабрь 11, 2015 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш