Шӯрои амнияти СММ қатъномаи сулҳи Сурияро якдилона қабул кард
Душанбе, 19.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Шӯрои амнияти СММ ба тарафдории лоиҳаи қатъномаи сулҳи Сурия овоз дод. Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», ин санад якдилона қабул карда шуд.
Дар ин санад зарурияти эҳтироми истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Сурия дарҷ гардидааст.
Дар қатънома ҳамчунин дар бораи муҳиммияти иҷрои пурраи баёнияи женевагии соли 2012 оид ба Сурия гуфта мешавад. Вобаста ба ин, Шӯрои амнияти СММ гурӯҳеро барои дастгирии Сурия даъват мекунанд, ки фаъолияти дипломатиро барои пайдо кардани роҳҳои ҷилавгирии хушунат миёни неруҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифин идома диҳад.
Дар ин санад ҳамчунин муҳиммияти фаъолияти яквақта ҳам дар ҳалли сиёсии бӯҳрон ва ҳам дар оташбас дар Сурия таъкид шудааст. Ин ду масъала бояд ҳар чи зудтар ҳал карда шаванд.
Дар қатъномаи тасдиқкардаи ША СММ, муҳиммияти пешгирии ҳамлаҳои террористии ҷангиёни ДОИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар гурӯҳҳои марбут ба ДОИШ ё «Ал-Қоида» низ дарҷ ёфтааст.
ША СММ тарафҳои низоъро даъват мекунанд, ки дастрасии кормандони башардӯстонаро ба минтақаҳои зарардида аз амалиётҳои ҷангӣ таъмин намуда, аз ҳамлаҳои ба аҳолии осоишта ва иншоотҳои шаҳрвандӣ равонашуда худдорӣ кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






