Шахсияти ваҳдатсоз, сулҳовар ва Пешвои миллат

Декабрь 18, 2015 12:09

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 декабр доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҷаласаи васеи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ бо иштироки вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовинони вазир ва  роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ баргузор гардид. 
Вазири  маориф ва илм Нуриддин Саид изҳор дошт, ки Пешвои миллат дар шароити мураккаб ва тақдирсози таърихии халқ ва миллати хеш ба сари қудрат меояд. Масалан, Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ба вартаи ҳалокат наздик шудани давлат ва миллати тоҷик, Франклин Рузвелт дар ИМА дар шароити депрессияи бузург ва Дэн Сяопин пас аз даҳшати «Инқилоби маданӣ»-и Чин ва ғайра. 
Пешвоёни миллат шахсиятҳое мебошанд, ки соҳиби обрўву эътибори байналмилалӣ мебошанд. Яъне, миқёси фаъолияти онҳо маъмулан аз доираи кишварҳояшон берун баромада, ташаббус ва фаъолияти байналхалқии эшон ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонид. Масалан, пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, монанди Соли байналмилалии «Оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (солҳои 2015-2025) ва ғайра. 
Пешвоёни миллат вазифаҳои дигареро низ  ба уҳда доштаанд, ки бо сарбаландӣ иҷро менамуданд. Масалан, онҳо  қобилияти фавқулоддаи мантиқӣ, сафарбаркунандагӣ, муттаҳидкунандагӣ, ваҳдатсозӣ, сулҳоварӣ, бедордилӣ, бедоркунандагӣ, пешбарандагӣ  доранд ва ҳаводиси ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро пешбинӣ намуда, вобаста ба ҳаллу рафъи он қарорҳои нишонрас қабул мекунанд; ба давлати миллӣ ва низоми давлатдории миллӣ асос гузошта, нишонаҳои асосии давлатдориро эҳё мекунанд (пули миллӣ, артиши миллӣ, забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, сиёсати миллии дохилию хориҷӣ ва ғайра); таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат сафарбар мекунанд; дараҷаи камолоти ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин мекунанд; сатҳи зиндагии мардумро боло мебардоранд, яъне аз камбизоатӣ ва фақр наҷот медиҳанд; номи бузургони гузаштаи худро зинда мекунанд; фарҳанги миллии худро эҳё намуда, ба фарҳанги умумибашарӣ арҷ мегузоранд; соҳаи маориф, илм ва тандурустиро ба омили асосии наҷоти миллат табдил медиҳанд; тамомияти арзию ҳудудии мамлакатро таъмин мекунанд;  халқу миллат ва кишвари хешро бо фаъолияти густурдаи худ ба ҷаҳониён  муаррифӣ мекунанд; дар дилу дидаи мардум ҷой мегиранд ва наврасону ҷавонон ба онҳо пайравӣ намуда, мехоҳанд ба онҳо монанд бошанд ва дар ҳама ҳолатҳо ба онҳо бовар мекунанд; ҳама вақт барои ҳифзи манфиати мардумон зиндагӣ мекунанд ва ҳукумати эшон таҷассумгари иродаи мардум буда, сиёсати тавозуни манофеи байни миллатҳоро дар ҷомеа амалӣ месозанд.
Дар ҷаласа муовини  вазири маориф ва илм Фатҳиддин Исмонов, сардори раёсати илм ва инноватсия Хуршед Зиёев, мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия Ҷаҳонгир Бобоҷонов сухан гуфтанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа — олимон, аҳли маорифу фарҳанг, сиёсатмадорон, уламои дин, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо кард. 
Ин мақом  дар сатҳи байналмилалӣ ҳам кайҳо  эътироф гардида буд, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар моҳи августи соли 2011 аз ҷониби Шўрои аврупоӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ сазовори унвони «Пешвои асри ХХ1»  дониста шуда буд. 

 

 

Декабрь 18, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд