Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони иншооти таъйиноти гуногун

Декабрь 7, 2015 11:30

Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода дар шаҳри Душанбе бо ҷараёни сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд мегарданд, шинос шуд.
Сарвазири  мамлакат  нахуст  аз мавзеи бунёди Академияи Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, дар идома  бо  ҷараёни  бунёди  бинои  истиқоматӣ  барои  афсарони Вазорати  мудофиаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, маҷмааи биноҳои маъмурию  таълимӣ  ва  хобгоҳҳои  Академияи  Вазорати корҳои дохилӣ, бинои  нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русия-Тоҷикистон, маҷмааи  варзишии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон ва бинои маъмурии  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  шинос  гардид.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, бунёди бино ва иншооти Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биною  иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳу услуби нави меъморӣ  ба  нақша гирифта шуда, асосан аз биноҳои маъмурию таълимӣ,  хобгоҳҳо  ва  толорҳои фароғатию  варзишӣ  иборат  хоҳанд буд. Дар  бинои   истиқоматӣ   барои  афсарони  Вазорати  мудофиа, ки аз нўҳ ошёна иборат аст, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, ороиши  ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқу обрасонӣ ва гармидиҳӣ  бомаром  идома  дорад. Бинои  нави  таълимии Донишгоҳи (славянии)  Русия-Тоҷикистон  ва  маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иншооти муҳими соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб  рафта,  сохтмони онҳо бо мақсади  беҳдошти  шароити  таълиму тарбияи  насли  ҷавон  ва  ҷалби  ҷавонон ба илмомўзию  варзиш  пешбинӣ  шудааст. Дар  маҷмӯъ,   дар ҳамаи  ин  иншоот корҳои сохтмонӣ  мувофиқи  нақша  идома  дошта,  мавриди истифода  қарор додани онҳо  дар давраи солҳои 2016-2018 дар назар дошта шудааст. Сохтмони  ҳамаи  ин иншоот бо дастгирию  кумаки бевоситаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  амалӣ гардида,  маблағгузор  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  фармоишгари  асосӣ   Дирексияи сохтмони  иншооти  ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд.
 Бо  натиҷагирӣ  аз ҷараёни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Сарвазири мамлакат дар навбати аввал  аз роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини ташкилоту идораҳои  сохтмонӣ  иҷрои  саривақтии  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб карда, дар назди онҳо барои тезонидани  суръати  корҳои  сохтмонӣ, иҷрои  босифати  корҳо, дар муҳлатҳои  пешбинишуда  ба  анҷом  расонидани  нақшаҳои  сохтмонӣ ва таъмини  истифодаи  мақсадноки    маблағҳои  ҷудогардида  вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

Декабрь 7, 2015 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст