Шветсия: Қабули ислом, пардохти боҷ ё қатъи сар
Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Номаҳои таҳдидомезе аз ҷониби ДОИШ, ки дар он се шартро дар ихтиёри шаҳрвандони Шветсия гузошта аст, Ҳукумати ин кишварро дар ҳолати ногувор қарор додаанд.
Чунин номаҳо ба даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар расидаанд, ки дорои 3 шарт мебошанд: якум, қабули дини ислом, дуюм пардохти ҷизя (хароҷ, андоз) ва 3-юм қатъи сар.
Тибқи гузориши телевизиони расмии Шветсция полис ин таҳдидҳоро ҷиддӣ гирифтааст. Бахусус нашри ин номаҳо дар якчанд шаҳр ва дар як вақт боиси нигаронии мақомот гардидааст.
Ба номаҳо ба ҷуз аз қабули ислом ё пардохти ҷизя ва қатъи сар мумкин аст тарконидани манзилҳо низ шомил бошад. Ва ин муҳлат танҳо се рўзро аз рўзи қабули нома дар бар мегирад.
Дар номаҳо «Полис шуморо аз марг наҷот нахоҳад дод ва он ҳамаро фаро хоҳад гирифт» навишта шудааст.
Полис рўзи 12-уми декабр эълом намуд, ки чанд хабар аз ҷониби шаҳрвандон дар шаҳрҳои Ронебба, Сигтуна, Встроес ва Капитал дастрас шудааст, ки бо имзои ДОИШ ба онҳо расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






