Соли оила аз беҳтарин иқдомҳои Пешвои миллат аст
Душанбе, 26.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25 декабр дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон шудани соли 2015 чун Соли оила ҳамоиш баргузор гардид. Директори Китобхонаи миллӣ профессор С.Назарзода зикр кард, ки эълон шудани Соли оила аз беҳтарин иқдомҳои Пешвои миллат дар масъалаи пойдории оилаҳо ва тарбияи дурусти фарзандон ба шумор меравад.
Муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик М. Ёқубова вобаста ба оқибатҳои ногувори никоҳҳои хешутаборӣ, таваллуди фарзандони маъюб ва оқубатҳои вазнини ин раванди номатлуб, ки дар ҷомеа ҷой дорад, сухан гуфт.
Вобаста ба аҳамият ва моҳияти Соли оила, татбиқи он дар кишвар ва натиҷаҳои ба дастоварда раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ҳарф зад. Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки маҳз фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ василаи боэътимоди боло бурдани маърифати оиладорӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, ташаккули муносибатҳои созанда ва орӣ аз хушунат дар оила буда, тавассути он имконияти воқеии таъмини пойдории оилаҳо таъмин мегардад.
Дар мулоқот кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат доштанд. Ташкилкунандагони ҳамоиш маҳфили хотирмони фарҳангиро барои иштирокдорон пешниҳод омода намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






