Суғд: Хушкмеваи вилоят ба 12 минтақаи Русия ва давлатҳои ҳамсоя содирот мешавад
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нӯҳ моҳи соли равон аз вилояти Суғд 49 ҳазору 204 тонна хушкмева содирот шуд, ки арзиши гумрукии он зиёда аз 10 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод.
Ба иттилои Шарифулло Абдуллоев, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз соҳибкорони вилоят бо якчанд минтақаи Русия шартномаи дутарафа оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ дошта, ҳоло хушкмеваи Суғд дар 12 минтақаи Русия ва давлатҳои ҳамсоя, чун Қазоқистону Қирғизистон ва Чин ҷойгоҳи худро пайдо намудаву содирот мешавад.
Ҳамзамон соли равон дар қатори чанд намуди тармеваву хушкмеваи содиротӣ, соҳибкорони вилоят дар бозори давлатии Чин гелоси Суғдро муаррифӣ намуданд, ки он низ ҳоло харидори худро пайдо кардааст. Дар ин замина, соҳибкорони шаҳри Исфара маҳсулоти хушкмеваи худро то мамлакатҳои Аврупо, чун Олмон, Полша ва Чехия интиқол дода истодаанд, ки ин далели серхаридор будани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар мамолики хориҷӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






