Суди ноҳияи И. Сомонӣ: Пайравони гурӯҳи экстремистӣ ва террористии ДОИШ ҷазо гирифтанд

Декабрь 16, 2015 08:44

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бобоҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1990, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Корези поён бо моддаҳои 187 кисми 2, 32 қисми 3, 179 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 307 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷабборов Садриддин Сафиевич, соли  таваллудаш  1976, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Зайнаббобод, деҳаи Комсомол, пеш бо ҳукми суди ноҳияи Ленини вилояти Новосибирски Федератсияи Русия суд шудааст,  бо моддаҳои 187 қисми 2, 307 қисми 3, 32 қисми 3 ва 401,  прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ намуд. 
         Суд  муайян  кард, ки Бобоҷони Раҷабалй бо максади иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Ҷабборов Садриддин Сафиевич моҳи июни соли 2015, тавасути сомонаи иҷтимоии шабакаи интернетии «Одноклассники.ру» ва барномаи мобилии «WhatsApp» саҳифаҳои бо номҳои «Халифат Куляб Таджикистан» ва «Абу Амриддин» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунов Абдушаҳид Ҳақназарович бо тахаллуси «Абу-Саид», ки  дар сомонаи иҷтимоии шабакаи интернетии саҳифаи ба номи “Абу-Саид» кушода буд ва дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар воҳиди гурӯҳи экстремистӣ ва террористии  «ДИИШ» дар ҳудуди давлати Сурия иштирок дошт, шинос шуда, бо ақидаҳои охирин оид ба  он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати «Тоғутӣ», яъне давлати зидди дини Ислом аст ва бояд ҷиҳод намуда, сохти конститутсионии онро тағйир дода, Давлати исломӣ созанд, ҳамфикру ҳаммаслақ шуд.
Бо ин мақсад Бобоҷонов Р., бо ҳамроҳии дигар ҳаммаслаконашон бо мақсади дар биноҳои ШВКД-ҳо дар шаҳри Душанбе таркиш ба амал овардан, нияти 100 адад балонҳои гази моеъ доштаро ҷамъоварӣ кардан дошта, тавассути саҳифаҳои интернетии номбаршуда  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсонӣ ҷалб кардану муттаҳид намудан ва маслиҳати ярокнок намудани гурӯҳҳои ташкил додаашонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намудаанд. 
Ҷабборов Садриддин Сафиевич низ  бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунов Абдушаҳид Ҳақназарович бо тахаллуси «Абу Саид», ки бар зидди ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Сурия меҷангад, шинос шуда, бо мақсади иштирок намудан дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Сурия нақша таҳрезӣ намуда, барои ба он ҷо рафтан  аз  номбурда маблағи роҳкиро  талаб намуд. Турсунов А.Ҳ., ваъда кард, ки маблағи пулии роҳкироро бо тариқи намояндаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷони Раҷабалӣ ба ӯ мерасонад. 
Хушбахтона, зиракиву ҳушёрии кормандони милитсия  имкон надод, ки Бобоҷони Р. ва  Ҷабборов С.С.  бо  дигар ҳаммаслаконаш ниятҳои амалҳои ҷинояткоронаи худро  то ба охир расонанд, чунки 3  июли соли 2015 аз тарафи онҳо дастгир гардиданд. 
Суд ба Бобоҷони Раҷабалӣ мутобиқи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳонӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти хизмати давлатӣ ба муҳлати 4 сол  ва ба Ҷабборов Садриддин Сафиевич  мутобиқи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои ниҳонӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти хизмати давлатӣ ба муҳлати 4 сол таъйин кард.

 

 

 

Декабрь 16, 2015 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!