Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: Ҷонибдори «ДИИШ» маҳкум гардид
Душанбе, 05.11.2015. (АМИТ «Ховар) -Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Н. Р.-ро бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Суд муайян намуд, ки Н. Р. бо маслиҳати пешакӣ бо нафарони дигар ғояҳои ифротгароии гурӯҳи террористии «Давлати исломии Ироқу Шом»-ро ҷонибдорӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин гурӯҳ ҷалб намуда, барои гусел ба давлати Сурия aҷиҳати иштирок кардан дар муқовиматҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ машғул шудааст. Ӯ дар давоми солҳои 2014-2015 бо роҳи мунтазам ҳамсуҳбат шудан бо бародараш Негматов Акбар Саидович, ки ҳоло дар давлати Сурия қарор дорад, тавассути тарғибу ташвиқ намудан ғайриқонунӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — сокинони шаҳри Душанбе Давлатов Давлатшоҳ Баҳодурович ва ҳамсари ӯ Олимзод Суман Раҷабалиро барои «ҷиҳод» намудан дар давлати Сурия ҷалб намуда, нақшаи тавассути роҳи «Душанбе-Ҷиргатол-Ӯш-Туркия-Сурия» бурдани онҳоро тарҳрезӣ намудааст. Бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки худ ӯ ба Давлатов Д.Б. ва Олимзод С.Р. барои омода намудани шиносномаҳои хориҷӣ кумак расонида, барои хароҷоти роҳ 300 доллари ИМА дода, шаби 11 июли соли 2015 Давлатов Д.Б.-ро, ки сокини шаҳри Душанбе мебошад, дар хонаи истиқоматии худаш ҷойи хоб дода, 12 июли соли 2015 зану шавҳарро бо роҳи қаблан тарҳрезишуда тавассути гузаргоҳи Гулистон дар самти Ҷумҳурии Қирғизистон равон кардааст, ки Давлатов Д.Б. ҳоло дар давлати Сурия ғайриқонунӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок намуда истодааст.
Ба Н. Р. бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ 14 ( чордаҳ ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






