Суди шаҳри Қурғонтеппа: Таъйини ҷарима барои риоя накардани қонун
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба суди шаҳри Курғонтеппа дар соли 2015 оид ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 470 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки 467 ададаш баррасӣ ва 3 адади он барои барасмиятдарорӣ баргардонида шудааст. Суд нисбат ба 161 шаҳрванд ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 306 нафар ҷазоҳои ҷарима ба маблағи 26480 сомонӣ таъйин кардааст.
Инчунин дар соли равон ба Суди шаҳри Қурғонтеппа 16 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, нисбат ба 14 нафар ҷазои ҷарима таъйин шуда, 2 адади дигараш барои барасмиятдарорӣ баргардонида шудааст.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






