Сумангул Тағойзода: Эмомалӣ Раҳмонро нангу номуси ватандорӣ Пешвои миллат кард
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он баргузор гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки бо ташаббуси як гурўҳ вакилони мардумӣ ва дархости шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид, он зарурат, тақозо ва эҳтиёҷи миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассос ва тақдирсоз масъулиятро ба дӯш гирифта, бо гурўҳҳои силоҳбадаст ва бо мухолифини сиёсӣ гуфтушунидҳои мураккабу душворро оғоз карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз оташи ҷанги хонумонсўз ва миллатро аз парокандагиву нестшавӣ наҷот дод. Эмомалӣ Раҳмонро нангу номуси ватандорӣ Пешвои миллат кард.
Дар ҳамоиш дигар кормандони вазорат ҳам аз қонун ҷонибдорӣ карда, дар мавриди заҳматҳои Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






