Сурия ҳамлаи ҳавоии эътилофро ба бошгоҳи низомӣ маҳкум кард
Душанбе, 07.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — ВКХ Сурия ба Дабири кулли СММ ва раиси Шӯрои амният дар иртибот ба зарбаҳои эътилофи байналмиалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба низомиёни суриягӣ нома ирсол намуд. Димишқ амали онҳоро таҷовуз хонда, илова намуд, ки ҳадафи онҳо пойгоҳи ҳарбӣ буд. Дар ин бора агентии иттилоотии давлатии Сурия «SANA» иттилоъ медиҳад.
Дар нома, ВКХ Сурия бомбаборон кардани мавқеи нерӯҳои ҳукуматиро «амали таҷовузи гӯшношунид, ки бар хилофи Оинномаи СММ аст», хонд. ВКХ Сурия аз СММ даъват менамояд, ки «барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо ҳарчи зудтар чораҳои зарурӣ андешад».
Оид ба бомбаборон шудани пойгоҳи ҳарбӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷангии эътилоф аз Маркази Дидбони ҳуқуқи башари Британия дар Сурия иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки бар асари зарбаҳои ҳавоӣ 4 нафар ҳалок гашта, 13 тани дигар захмӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






