Сурия созишномаи бидуни раводидро бо Туркия бекор кард
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Агентии расмии иттилоотии Сурия «SANA» бо ишора ба изҳороти ВКХ-и ин кишвар иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбе Димишқ тасмим гирифт, созишномаи низоми бидуни раводидро бо Туркия бекор кунад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки қарори мазкур вокуниш ба амали Туркия, ки 9-уми декабр ба тариқи яктарафа созишномаи низоми бидуни раводидро бо Сурия бекор карда буд, мебошад. Дар он таъкид мешавад, ки ин қарори Сурия ба ҳифзи соҳибихтиёрии давлат нигаронида шуда, ба талаботи принсипи баробарҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Минбаъд шаҳрвандони Туркия ба Сурия бе раводид омада наметавонанд. Дар санад ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳукумати Туркия масъулияти пурраи оқибатҳои қарори бекор кардани созишномаи мазкурро ба зимма дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






