Тақдими таҷҳизоти варзишӣ ба Маҷмааи варзишии Хоруғи боло
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ ба Маҷмааи варзишии Хоруғи боло рафта, ба маҷмааи мазкур таҷҳизоти гуногуни варзишӣ ва як кондитсионери калон тақдим намуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси ВМКБ Тоҷиддин Назришоев, раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева ва ҷавонону варзишгарон ширкат варзиданд.
Рамазон Раҳимзода бо ҷавонону варзишгаргарон ҳамсуҳбат шуда, зикр кард, ки варзиш солимии руҳу тан буда, барои таҳким бахшидани дӯстию рафоқат низ нақши муҳим дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушду нумӯи варзиш дар кишвар саъю талош варзида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин аст, ки ҳамасола садҳо варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, шарафи Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Дар назди Вазорати корҳои дохилӣ Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» амал менамояд, ки дар он варзишгарони номӣ, ба монанди Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Алишер Гулов, Парвиз Собиров ва даҳҳо варзишгарони дигар тамрин менамоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷавонони варзишгар барои кумаку дастгирӣ ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуданд.
Сипас, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода мусобиқаи волейбол оғоз гардид, ки бозингарон бо шавқу рағбати калон волейболбозӣ намуданд.
Аз ҷониби роҳбари аввали ВКД бозӣ намудани волейбол дар якҷоягӣ бо ҷавонону варзишгарон ба онҳо руҳу илҳом бахшида, изҳор доштанд, ки варзиш — ин тарзи ҳаёти солим буда, ҷисму руҳи инсонро обутоб медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






