Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 15 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон иди Меҳргон таҷлил гардид. Ба ифтихори ин сана намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардида, маҷлиси ботантанаи собиқадорони соҳа ва мутахассисони бахши кишоварзӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханрониаш дар ҳузури ҳозирон изҳор дошт, ки Меҳргон дар баробари идҳои дигари халқҳои форсизабон аз даврҳои қадим сарчашма мегирад. «Меҳргон рамзи тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосили сарпанҷаи деҳқон аст», — гуфт Гулмаҳмадзода.
Дар анҷом пешқадамони соҳа, собиқадорон ва мутахассисони бахши кишоварзию саноат бо тӯфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






