Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон

Декабрь 16, 2015 04:37

Қӯрғонтеппа, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 15  декабр  дар  шаҳри Қӯрғонтеппаи  вилояти  Хатлон  иди Меҳргон таҷлил  гардид. Ба  ифтихори  ин  сана  намоишгоҳи фурӯши  маҳсулоти  кишоварзӣ  доир  гардида, маҷлиси ботантанаи  собиқадорони  соҳа ва  мутахассисони бахши  кишоварзӣ баргузор  шуд. 
Раиси   вилояти  Хатлон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  зимни  суханрониаш дар  ҳузури ҳозирон  изҳор  дошт, ки Меҳргон  дар  баробари  идҳои  дигари   халқҳои  форсизабон  аз  даврҳои  қадим  сарчашма  мегирад. «Меҳргон  рамзи  тирамоҳи  заррин ва мавсими  ҷамъоварии ҳосили сарпанҷаи  деҳқон аст», —  гуфт  Гулмаҳмадзода. 
Дар  анҷом пешқадамони  соҳа,  собиқадорон  ва  мутахассисони  бахши  кишоварзию  саноат бо тӯфаҳои  хотиравӣ  қадр  шуданд.

 

Декабрь 16, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид