Тахриби мактабҳо ва тарғиби бесаводӣ- ҳадафи асосии толибон

Декабрь 21, 2015 11:29

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Агар заволи насл ва миллати ҳар кишвареро хостор шаванд, бешубҳа, мактабҳо ва марказҳои омӯзишии ин ҷумҳуриро аз байн мебаранд. Ба ин восита наврасон ва ҷавонон аз таҳсил дур монда, дар оянда ҳамчун насли бесавод ба воя мерасанд, ки наметавонанд дар идораи умури давлатдории хеш саҳми арзанда дошта бошанд. Бо ин роҳ кишвар ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ дастнишондаи худро ба сари қудрати ин кишвар менишонанд ва аз он ба манфиати худ сӯйистифода менамоянд.

Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар бештаре аз минтақаҳои зери нуфузи толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мушоҳида менамоем.

Дар матлаби таҳлилии хеш низ мо ба ҳамин масъала даст задаем.

Ҳар сол бо оғози соли нави таҳсил дар Афғонистон тақрибан даҳ миллион кӯдакону наврасон дар саросари ин кишвар раҳсипори мактаб мешаванд, вале ин хонандагон дар чӣ гуна мактаб ва дар кадом шароите ба таълим фаро гирифта мешаванд, хеле риққатовар аст.

 Ҳол он, ки дар ин кишвар нисфе аз мактабҳо одитарин биноро надоранд. Кӯдакон дар ҳавои гарму сард дар зери хаймаҳо ва дар берун зери дарахтону майдонҳои кушод дарс мехонанд, ки бешак аз таъсири гармӣ, боду чангу хок ва офтоби сӯзон ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешаванд. Аммо ин хонандагон бо либоси хоколуду симоҳои аз осори офтоб сӯхта, вале чеҳраҳои умедвор барои дарс хондан ба хаймаҳову зери дарахтон меоянд, то ҳарфе аз устодони хеш омӯзанд.

Чунин вазъият ҳатто дар мактабҳои шаҳри Кобул– пойтахти Афғонистон ба мушоҳида мерасад. Баъзе аз макотиби ин шаҳр мизу курсӣ надоранд ва кӯдакон ба рӯйи хок менишинанд ва маҷбуранд дар чунин вазъият дарс хонанд. Мушкили дигаре, ки пешорӯи хонандагони мактабҳо қарор дорад, ин нарасидани китобҳои дарсӣ, камбуди муаллимон ва надоштани шароит барои таъмини фарзандон бо китоб ва либос аз ҷониби волидайн мебошад.

Вазъи мактабу маориф дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нисбат ба пойтахти он -шаҳри Кобул ниҳоят вазнин аст. Бо нуфуз пайдо кардани толибон дар ин минтақаҳо бештари мактабҳо хароб шуда, мактабҳои духтарона тамоман баста шуда ва аз хондани духтарон ҷилавгирӣ шудааст. Ин вазъият ба мушкили мавҷудаи хонандагони ин кишвар мушкили дигареро зам кард. Ин ҳамон тарҳ ё барномаест, ки болотар ишора кардем, яъне бесавод сохтани насли ояндаи Афғонистони ҳамсоя. Хулоса чунин мешавад, ки гурӯҳи террористии Толибон бо бастану вайрон кардани мактабҳо духтарону писарони афғон ва қавму миллатҳои дар он зиндагикунандаро аз мактабу маориф дур месозанд, то ин миллат дар оянда натавонад насли босавод ба дунё биорад. Тасаввур кунед, ки чӣ гуна аз падар ва модари бесавод фарзанди босаводу доно ба дунё меояд?

Пас аз он, ки Толибон аз пойтахти Афғонистон берун карда шуданд, низоми нави ёздаҳ соли пеш дар ин кишвар буда дубора барқарор шуд, аммо ин низом на дар ҳама минтақаҳои Афғонистон мавриди амал қарор гирифтааст. Бо вуҷуди он, ки кишварҳои кумакрасон барои ҳимоят аз соҳаи маорифи Афғонистон ба ин кишвар миллионҳо доллар кумак кардаанд, вале ин мушкил ҳалли худро пайдо накардааст.  

Бар асоси маълумоти Вазорати маорифи Афғонистон, ниме аз мактабҳои ин кишвар бино надоранд ва ин кишвар ҳоло ба 9 ҳазор мактаби дигар ниёз дорад.  

Ин маълумоти Вазорати маорифи Афғонистон дар ҳолест, ки толибон дар минтақаҳои зери нуфузи худ мактабҳоро ба коми оташ мекашанд, муаллимонро ба қатл мерасонанд, барои рафтани духтарон ба мактаб монеа мешаванд ва писарони мактабхонро маҷбуран ба сафи гурӯҳи террористии худ шомил мекунанд. Писаракони наврас ва ноболиғе, ки бояд илм омӯзанду ҳарф ёд гиранд, ба бозии дасти толибону ҳомиёни онҳо табдил шудаанд. Ҳукумати Афғонистон бо он тавони ночизе, ки дорад, чӣ гуна метавонад дар муқобили чунин разолат истодагарӣ намояд ва мактабҳои харобу валангоркардаи толибонро дубора барқарор созад?

Аз сӯи дигар, ҷомеаи мадании Афғонистон таъкид кардааст, ки мактабу маориф дар ин кишвар дар бадтарин вазъият қарор доранд. Онҳо Вазорати маорифро дар ин қазия гунаҳкори асосӣ медонанд ва таъкид менамоянд, ки маҳз бетаваҷҷуҳии ин ниҳод вазъи маориф дар кишварро ба ин ҳол расонидааст. Ин изҳороти ҷомеи мадании Афғонистон шояд то андозае ҷой дошта бошад, аммо масъала ин аст, ки вақте кишвар ноором аст, вақте волидайн бо тарсу ҳарос фарзандони худро ба мактаб, он ҳам зери хаймаву фазои кушод  мефиристанд, вақте толибон биноҳои мактабу дигар муассисаҳои таълимиро харобу валангор месозанд ва даҳҳо омили дигар, чӣ гуна як вазорате, ки дар буҷаи худ шояд ночизтарин маблағ дошта бошад, барои таъмини шароити беҳтари омӯзиш иқдом намояд?

Аммо фаъолони мадании ин кишвар Вазорати маорифро бо он муттаҳам мекунанд, ки ин вазорат дар заминаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва тахассуси омӯзгорон барои гирифтани пеши роҳи  чопи китобҳои бесифату пур аз хатоҳои имлоӣ, набудани озмоишгоҳҳо ва дигар мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта таваҷҷуҳе зоҳир наменамояд.

Интиқоди ҷомеаи мадании Афғонистон аз вазъи маориф дар кишвар дар ҳолест, ки бар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати маорифи ин кишвар, 28 фоизи омӯзгорон ҳанӯз диплом нагирифтаанд  ва танҳо  46 дарсади онҳо бинобар сабабҳои нооромиҳо ва шароити бади зиндагӣ донишгоҳро ба поён нарасонидаанд. 80 фоизи ин омӯзгорон ба талаботи соҳаи маориф ҷавобгӯ нестанд.

Набудани мактабҳо, нарасидани китобҳои дарсӣ, ваҳшонияти Толибон, бо хатоҳои имлоӣ чоп шудани китобҳои дарсӣ танҳо мушкили маорифи ин кишвар нест, балки фақру бенавоӣ низ бештари кӯдакону наврасони ин кишварро аз мактабу маориф дур мондааст.  Аз сабаби он, ки шумораи мактабҳо дар Афғонистон ниҳоят кам аст, дар як синф то 70 хонанда ҷой дода мешавад, ки ин ҳолат ҳам барои муаллим ва ҳам барои хонанда мушкил эҷод мекунад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, танҳо 50 дарсади кӯдаконе, ки синнашон ба соли мактабӣ расидааст, ба таҳсил фаро гирифта шудаанду халос. Боқимондаи онҳо бо сабаби надоштани шароит наметавонанд, ки роҳии мактаб шаванд. Вазорати маорифи ин кишвар эълон кардааст, ки ҳоло Афғонистон ба 87 ҳазор муаллим ниёз дорад, аммо танҳо 12 ҳазору 500 нафарро метавонад ба мактабҳо сафарбар намояд. Кам будани шумораи муаллимон аз ҳисоби занҳо мушкили дигари низоми  маорифи Афғонистон шудааст. Вақте волидайн медонанд, ки дар мактабҳо муаллимаҳо нестанд ва ё хеле каманд, аз рафтани фарзандони худ, хусусан духтарон ба мактаб ҷилавгирӣ мекунанд.

Муҳимтарин омиле, ки боиси бад шудани вазъи мактабу маориф ва паст гардидани сатҳи дониши сокинони Афғонистон шудааст, ин фаъолият доштани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар ин кишвар мебошад. Аз дасти ин гурӯҳҳои террористӣ 152 нафар омӯзгорону хонандагон ваҳшиёна ба қатл расида, 200 нафари дигар захмӣ шудаанд. Террористон ҳамчунин дар мактабҳои Афғонистон 131 ҳамлаи террористӣ анҷом додаанд, ки дар маҷмӯъ дар пайи ин тахрибкориҳои гурӯҳи террористии Толибон зиёда аз 600 мактаб дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар баста шудаанд. Ин боиси он шудааст, ки садҳо ҳазор кӯдакону наврасон аз мактаб дур мондаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро террористон чунин иқдомеро бар зидди омӯзгорон ва хонандагон дар ин кишвар анҷом медиҳанд? Пас аз омӯзиши ҳамаи омилҳо коршиносон ба ин натиҷа расидаанд, ки террористон ба се далел душмании худро нисбат ба таълиму тарбия ва таҳсил дар мактабҳо зоҳир мекунанд.

Аввал ин, ки амалӣ намудани ин аҳдоф нақшаи душманони хориҷии Афғонистон аст. Омили дуввум- ин маҷбуран гирифтани писарон ба сафи гурӯҳҳои террористии Толибон ва ҳадафи сеюми Толибон аз байн бурдани робита миёни мардум ва давлат мебошад. Дар маконе, ки мактаб набошад, ҳузури намояндагони давлатӣ дар он ҷо ғайриимкон аст. Бинобар ин толибон барои расидан ба ин се ҳадафи худ даст ба тахриби мактабҳо зада, садди роҳи таълиму тарбия дар минтақаҳои зери нуфузи худ дар ин кишвар шудаанд.

Тахриби мактабҳо, вайрон кардани муассисаҳои таълимӣ ва канор мондани кӯдакону наврасон аз таҳсил ҷойро барои омӯзиши барномаҳо ва тамринҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ холӣ мегузорад. Дигар шуғле барои хонандагон боқӣ намемонад, ба ҷуз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва иҷрои дастури террористон.

Вазъи мактабу маориф дар Афғонистон ба ҳадде печида шудааст, ки тамоми мушкилоти мавҷуда бо ҳам гиреҳ хӯрдаанд. Кам будани маоши муаллимон ва онро ҳам напардохтани  давлатро метавон якеи дигар аз ин мушкилот ном бурд. Ҳоло музди меҳнати моҳонаи муаллимон дар Афғонистон  ду – се ҳазор афғонӣ, яъне дар як рӯз баробари 2 доллари амрикоӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки як коргари одӣ ё мардикор дар Афғонистон дар як рӯз 4 доллари амрикоӣ ва ҳатто бештар аз он ба даст меорад.

Вақте музди меҳнати омӯзгорон хеле паст аст, чӣ гуна ба беҳтар гардидани вазъи маориф дар ин кишвар метавон умед баст. Дар ин сурат муаллимон барои беҳбуди зиндагии худ даст аз касби омӯзгорӣ мекашанд ва барои таъмини хонаводаи хеш ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ё ба муҳоҷират мераванд ва ё тағйири касби муаллимӣ менамоянд.

Имрӯзҳо дар Афғонистон ҷойгоҳи муаллим дар миёни ҷомеа коста гардидааст. Гарчанде дар ин кишвар рӯзи хосеро ба муаллим бахшидаанд, аммо ҳеҷ нафаре аз рӯзгори муаллим ва вазъи зиндагии ӯ огоҳ намешавад. Волидайн барои ба мактаб фаро гирифтани фарзандони худ зиёд алоқаманд нестанд, зеро ба нақли шоҳидон, террористон дар ҷойҳои алоҳидаи канори роҳҳо минаҳо хобонидаанд, ки эҳтимоли бархурди мардум бо ин минаҳо сад дарсад вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар, ғасби минтақаҳои ҷудогонаи Афғонистон аз тарафи Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ боиси он гардидааст, ки ба ҷои таҳсил дар мактабҳо бештар ба омӯзишҳои мазҳабӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Пас аз юриши Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 ва фурӯпошии Толибону ба фаъолият оғоз кардани давлати интиқолӣ вазъияти таҳсил дар ин кишвар каме ҳам бошад, рӯ ба беҳбудӣ овард, вале бо ин вуҷуд ҳанӯз беш аз 60 фоизи мардуми Афғонистон аз саводи хондану навиштан бебаҳра ҳастанд.

Ҳоло дар Афғонистон 13 донишгоҳ ва 6 маркази омӯзиши муаллимон вуҷуд дорад, ки тавони фаро гирифтани довталабонро надорад. Гуфта мешавад, ки солона тақрибан 80 ҳазор довталаб барои идомаи таҳсили худ дар донишгоҳҳои Афғонистон сабти ном мешаванд, аммо тақрибан 30 ҳазори онҳо ба далели набудани имконот аз вуруд ба донишгоҳҳо маҳрум мемонанд.

Ин вазъият танҳо хоси Ҷумҳурии Афғонистон нест, балки дар ҳар маконе, ки пойи толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ расад, вазъи маорифи он макон ҳатман ҳамтақдири маорифи Афғонистон хоҳад шуд.

Гурӯҳи террористии Толибон ҳамлаҳои террористӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худро дар мавриди аз байн бурдани мактабҳо дар қаламрави ҳамсояи Афғонистон – Ҷумҳурии Исломии Покистон низ пиёда карданд. 16 декабри соли 2014 дар Пешовари Покистон дар ҷараёни ҳамлаи террористии аъзои гурӯҳи Толибон ба яке аз мактабҳо беш аз 140 хонанда ва муаллимон ба қатл расонида шуданд.

Толибон ва пайравони онҳо ҳаргиз хостори ҷомеаи босаводу мутамаддин нестанд. Онҳо ҳамеша бо андешаҳои ғалат ва нодурусти худ мағзи инсонҳо ва тафаккури онҳоро дигар кардан мехоҳанд. Ин гурӯҳ фаъолиятҳои террористии худро, мутаассифона, ба дини поки Ислом рабт медиҳанд. Ҳол он, ки дини муқаддаси Ислом ҳеҷ гоҳ хондан, таълиму тарбия, таҳсил ва омӯзиши илмҳои гуногунро манъ накардааст. Худованди бузург нахустин оятро ба Паёмбари худ Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) бо калимаи «Бихон» нозил кард. Дар шарҳи ин калима ҳаминро метавон фаҳмид, ки инсоният бояд ба омӯхтани илм ва донишомӯзӣ фаро гирифта шавад, то некро аз бад, сафедро аз сиёҳ, равшаниро аз зулмот, савобро аз гуноҳ ва дурустро аз нодуруст фарқ карда тавонад.

Дар ҳадиси дигаре аз Паёмбари акрам (с.а.в) мехонем, ки гуфтааст: «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз». Дар сурате, ки Худованди доно ва Паёмбари киромии ӯ хондан ва дониш андӯхтанро барои инсоният талқин менамоянд, пас Толибон, ки худро ба ном ҳомиёни дини Ислом медонанду аз номи ин дини пок сухан мекунанд, дар асоси кадом таълимот ва дастуроти қонуни шариат амал менамоянд? Пас маълум мешавад, ки ҳадафи асосии Толибон бесаводу гумроҳ кардани мардум ва тасаллут пайдо кардан болои онҳо мебошад.

  Бо овардани чанде аз рафтор ва амалҳои ғайриинсонии гурӯҳи Толибон ва пайравони онҳо дар ин навиштаи худ ба қадри имкон чеҳраи асосӣ ва симои хашини онҳоро бароятон ифшо намудем. Фаъолияти ин гурӯҳ хиёнат ба мактабу маориф, илму дониш, арзишҳои инсониву мазҳабӣ ва динӣ мебошад.

Аз ин вазъи ногувори мактабу маориф дар Афғонистони ҳамсояи мо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки бесуботиву нооромӣ душмани мактабу маориф ва илму дониш аст. Аз ин рӯ, мо миллати сарбаланди тоҷик ифтихор аз он дорем, ки зери чатри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти комил, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёна ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, зиндагиву таҳсил дорем. Ҳар фарди ҷомеаи моро лозим аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳифзи марзу буми Ватани азизи хеш – Тоҷикистон омода бошад.   

 

Декабрь 21, 2015 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад