Такмили ихтисоси кадрҳои ҷавон дар Қазоқистон
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Барномаи татбиқи «Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» 5 нафар кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар курси такмили ихтисос ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуданд.
Кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ дар курси такмили ихтисос дар мавзӯи «Принсипҳои фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар давоми панҷ рӯз фаро гирифта мешаванд.
Интизор меравад, дар курси такмили ихтисос хизматчиёни давлатӣ оид ба фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ, принсипҳои он, фаьолияти самараноки сомонаҳои макомоти давлатӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотӣ ва таҳияи варақаҳои матбуотии мақомоти давлатӣ таҷрибаи заруриро аз худ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






