Тавилдара: Ҳадаф-баланд бардоштани нақши зан ва маълумотнок гардонидани духтарон
Тавилдара, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Тавилдара барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо » бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия таъмин намудани имкониятҳои баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ноҳия хуб ба роҳ мондааст, ки фаъолияти корӣ ва таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз ҳисоби занон зиёд шуда истодааст.
Дар ноҳия нисбат ба тарғиби ғояҳои ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, илмомӯзӣ, эҳтироми либоси миллӣ, арзишҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, роҳ надодан ба ҳодисаҳои худкушию худсӯзии занону духтарон ва пӯшидани либоси бегона мувофиқи нақша суҳбату вохӯриҳо баргузор шуда истодаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани нақши зан, маълумотнок гардонидани духтарон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олию коллеҷу омӯзишгоҳҳо дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд, ки дар натиҷа 54 духтар аз тариқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ ва 31 нафар дар омӯзишгоҳҳои тиббӣ таҳсил доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






