Тоҷикистону Корея ҳамкориро тақвият мебахшанд

Декабрь 24, 2015 10:50

Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи даврии «The Korea Post»-и Ҷумҳурии Корея доир ба Тоҷикистон як мақолаи пурмуҳтаво ва мусоҳиба бо кордори сафорати Тоҷикистон дар Корея Салоҳиддин Киромов бо забони англисӣ нашр кардааст. Мо тасмим гирифтем, ки тарҷумаи ғайрирасмии ин матлабро бознашр намоем, ки ин аст:

Ба таври назаррас тақвият ёфтани ҳамкории Тоҷикистону Корея ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Президенти Корея Пак Кин Хе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми ҷаҳонии об — 2015 ба Ҷумҳурии Корея сафар карда буд, дар шаҳри Дегу мулоқоти хоса анҷом дод.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе нақши пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баррасии байналмилалии об баланд арзёбӣ кард. Президенти Корея ҳамчунин дорои захираҳои фаровони об будану дар мақоми ҳаштум қарор доштани Тоҷикистонро ёдовар шуда, ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул, ки зимни сафари Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея 13 апрели соли равон ифтитоҳ ёфта буд, муборакбод гуфт. Пак Кин Хе зикр кард, ки сафорати нави Тоҷикистон дар Сеул ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро дар ҳама самтҳо тақвият мебахшад.

Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Корея ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба манфиатдор аст. Сарвари давлати тоҷикон ҳамчунин изҳори умед кард, ки сафари расмии ӯ ба Корея ба рушди муносиботи дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Корея ҳамаи имконоти ҳамкорӣ, ба ғайр аз афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки беш аз ҳафт маротиба дар давоми даҳ сол — аз соли 2004 то соли 2014 зиёд шуд, пурра истифода нашудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ҳарду кишвар метавонанд дар бахшҳои зерин ҳамкориро тавсеа бахшанд: технологияи иттилоотӣ, молҳои электронӣ, маишӣ, истихроҷи металлҳои нодир, рушди энергетика, бофандагӣ ва саноати сабук. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳори умед кард, ки дар оянда ширкатҳои Корея ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд.

Барои таҳкими ҳамкории дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки комиссияи ҳамкории фарогири иқтисодиёт, илм ва технология таъсис хоҳад дод. Ҳамчунин изҳори умед намуд, ки Корея дар ин ҷода ҳавасманд гардида, лоиҳаҳои муштараки имконпазири мақомоти маҳаллии ҳарду кишварро дастгирӣ мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои Президент Пак Кин Херо ба пешрафти муносибатҳо байни ҳарду Корея баланд арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин дастгирии худро оид ба пешниҳоди Корея барои таъсиси ниҳоди таъовуни ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ бо мақсади густариши нақши Форуми Корея-Осиёи Марказӣ изҳор дошт.

Президент Пак Кин Хе оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори умед карда, таъсиси комиссияи ҳамкории фарогири иқтисодиёт, илм ва технологияро дастгирӣ намуд, ки худи ҳамон рӯз ба имзо расид. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии мавқеи Корея дар ҷомеаи байналмилалӣ изҳори сипос кард.

Дар асоси чунин ҳамкорӣ, ҳарду роҳбар оид ба таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ба мувофиқа омаданд.

Пас аз мулоқоти сарони Корея ва Тоҷикистон, миёни ҳарду кишвар панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расид:

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Корея;

Ёддошти тафоҳум миёни вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

Ёддошти тафоҳум миёни кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва   вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

Мусоҳибаи нашрияи «The Korea Post» бо кордори муваққатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул Салоҳиддин Киромов:

Савол: Лутфан ба таври мухтасар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекардед.

Ҷавоб: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардуми мо маъруфияту маҳбубияти хосса дошта, дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати дарҳои бозро эълон кардааст ва дар заминаи ин талошҳо дари Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба хотири рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва ҳамкорӣ боз намудааст.

Савол: Ҳамкорӣ бо Корея дар кадом сатҳ аст?

Ҷавоб: Муносибатҳои самимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея аз давраи Салтанати Силла маншаъ мегиранд, ки ҳазорсолаҳо муқаддам тавассути Шоҳроҳи Абрешим доду гирифти тиҷоратӣ доштанд.

Ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро яке аз шарикони боэътимод ва муҳим ҳисобида, ба рушд ва таҳкими ҳамкории бисёрҷанба бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти бузург медиҳад.

Савол: Лутфан мухтасаран кишваратонро ба хонандагони «The Korea Post» муаррифӣ менамудед.

Ҷавоб: Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93%-и масоҳати умумии онро кўҳҳо ташкил медиҳанд. Мо кӯҳҳое дорем, ки беш аз 7000 метр баландӣ доранд. Баландтарин кӯҳи кишвари мо — ин Помир бо қуллаи Исмоили Сомонӣ аст, ки 7495 метр баландӣ дошта, миёни кӯҳнавардон ва сайёҳони пиёдагард хеле маъруф аст. Помирро «Боми Ҷаҳон» меноманд.

Савол: Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар чӣ қадарро ташкил медиҳад ва дурнамои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории иқтисодӣ чӣ гуна аст?

Ҷавоб: Ҳаҷми имрӯзаи тиҷорати дуҷониба на он қадар калон аст. Он тақрибан 55 миллион долларро ташкил медиҳад. Вале ҳарду ҷониб барои баланд бардоштани ҳаҷм ва доираи ҳамкории иқтисодии ду кишвар кӯшишҳо ба харҷ дода истодаанд. Тоҷикистон асосан давлати аграрӣ аст, вале мо дорои захираҳои фаровони табиӣ, ба монанди тилло, нуқра, алюминий ва ғайра мебошем. Бархе аз ширкатҳои Корея аллакай бо ширкатҳои Тоҷикистон дар бахши алюминий дар Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Пахта низ яке аз маҳсулоти муҳимтарини Тоҷикистон мебошад. Мо ҳамасола қариб 400,000 тонна пахтаи баландсифат истеҳсол мекунем, ки дар соҳаи нассоҷӣ васеъ истифода мешавад.

Тоҷикистон ҳамчунин дорои захираҳои зиёди сангҳои қиматбаҳо ва нимгаронбаҳо буда, аз ҷиҳати дигар захираҳои гуногуни маъданӣ ва табиӣ кишвари соҳибсарват мебошад.

Савол: Санъати анъанавии ҷангии Корея — таэквондо дар аксар кишварҳои ҷаҳон маъмул аст. Оё он дар Тоҷикистон низ маъмул мебошад?

Ҷавоб: Таэквондо дар Тоҷикистон хеле маъруфу маъмул аст. Мо дар кишварамон қаҳрамонҳои зиёди ҷаҳон оид ба таэквондо дорем. Мураббиёни кореягӣ оид ба таэквандо низ дар Тоҷикистон зиёд мебошанд.

Савол: Аксарияти давлатҳое, ки дар Корея намояндагии дипломатӣ доранд, консулҳои фахрӣ низ доранд. Тоҷикистон чӣ?

Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Корея Консули фахрӣ дорад, ки ҷаноби Янг Хе Квон — раиси «Pelicana» мебошад. Ба воситаи ӯ ва дигар шахсоне, ки бо кишвари мо дӯстӣ доранд, мо кишварамонро ба мардуми Корея васеътар муаррифӣ мекунем.

Ҷаноби Янг моҳи октябри соли гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд ва бовар дорам, ки дар бораи Тоҷикистон таассуроти хуб дорад.

 

Декабрь 24, 2015 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад