Тоҷикони бурунмарзӣ дар ғаму шодии мардуми Тоҷикистон шариканд
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳодисаи заминларзаи дар ВМКБ ба вуқӯъ пайваста, ки сабаби хисороти зиёд дар як зумра ноҳияҳои Бадахшон гардид, тоҷикони Федератсияи Русияро низ бетараф нагузошт. Ҳамватанони бурунмарзиамон дар ғаму шодии мардуми шарифи Тоҷикистон шарик буда, ҳамарӯза аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ мардуми зарардидаро дастгирӣ менамоянд.
Аз ҷумла, аз номи Маркази фарҳангии тоҷикони Русия, аз ҷониби тоҷикони бурунмарзии кишвари Краснодар, кишвари Ставропол, вилояти Ростов ва ҷумҳурии Адигея номаҳо расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла, омадаанд:
«Ҳарчанд мо дур аз диёри хешем, вале худро дар ғаму шодии мардуми шарифи Тоҷикистон шарик мешуморем. Имрӯз мо омода ҳастем барои зарардидагони офати табиии вилояти Бадахшон кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонем ва ба суратҳисобе, ки барои онҳо кушода шудааст, маблағи муайян гузаронем».
Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Твер М. Майбалиев изҳор намудааст, ки мо тасмим гирифтем дар деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба ҷои мактаби зарардидаи № 35 мактаби нави замонавиро бо тамоми таҷҳизоташ бунёд намоем.
Дар зер намунаи номаҳо оварда мешавад:








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






