Туркия эҳтимоли ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷавобиро бар зидди Русия изҳор кард
Душанбе, 08.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Анқара метавонад дар вокуниш ба Русия таҳримҳои ҷавобӣ ҷорӣ намояд, — изҳор дошт Сарвазири Туркия Аҳмад Довутоғлу. Чанде пеш ӯ иқрор шуд, ки шахсан ба сарозер кардани бомбаандози Су-24M-и Русия, ки дар ҳарими ҳавоии Сурия буд, амр додааст. Ин ҳамла, ки бар асари он як сарнишини ҳавопаймо ва пиёдааскари баҳрӣ ҳалок гаштанд, боиси ҷорӣ намудани таҳримҳо аз ҷониби Маскав ба Анқара гардид.
«Туркия — он кишваре, нест ки барои он бо чунин тарз мушкил эҷод кард, вале мо умедворем, ки бӯҳрон бо Русия бартараф хоҳад шуд ва ба ҷорӣ намудани таҳримҳо зарурат нахоҳад буд», — изҳор дошт Аҳмад Довутоғлу дар парлумони Туркия зимни ҷаласаи фраксияи ҳизби ҳукмрон — Ҳизби адолат ва рушд.
Президенти Русия Владимир Путин ҳамла ба ҳавопаймои русиро зарбаи тарафдорони террористон ба қафо хонд, хотиррасон менамояд «РИА Новости».
Чанде қабл, «WikiLeaks» иттилоъ дод, ки президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон нақшаҳои нобуд кардани ҳавопайморо қариб ду моҳ, аз замони шуруи амалиёти ҚКҲ Федератсияи Русия бар зидди ДОИШ дар Сурия, тарҳрезӣ кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






