Туркия: вокуниши Маскав нишонае аз таблиғоти замони шӯравист
Душанбе, 03.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти Ҷумҳурии Туркия вокуниши Маскавро ба ҳамлаи тайёраи қиркунандаи Туркия ба тайёраи бомбаафкани Русия «бозгашт ба айёми тарғиботи замони шӯравӣ» номгузорӣ кардааст. Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон вобаста ба суханронии Владимир Путин дар назди аъзои Шӯрои Федератсияи Русия бори дигар изҳор кард, ки омодааст мансаби худро тарк кунад, агар гунаҳгор кардани ӯ, ки нисбаташ садо дода шудааст, исбот гардад.
Сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу низ ҳодисаҳои сарзадаро бозгашт ба замони ҷанги сард унвон кардааст: «Дар замони ҷанги сард мошинаи иттилотии таблиғотии шӯравӣ фаъолият мекард. Ҳамарӯза онҳо хабарҳои дурӯғеро, ки худашон ба онҳо бовар доштанду гумон мекарданд, ки қисмати боқимондаи ҷаҳон низ ба он хабарҳо бовар мекунанд, пахш мекарданд. Ин ҳолатро мегуфтанд, ки «Правда» дурӯғ мегӯяд. Мунтазам амалҳое сар мезаданд, ки ба назар мерасид он амалҳоро русҳо дар давоми ним асри охир фаромӯш карда буданд.
Дар ҳамин ҳол сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки дар Белград, зимни ҷаласаи Шӯрои вазирони ниҳодҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Туркия — Сергей Лавров ва Мавлуд Човушоғлу баргузор шудааст.
Ин нахустин робитаи мустақими Русия ва Туркия дар сатҳи олӣ баъд аз ҳодисаи рӯзи 24-уми ноябр мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






