Қуттиҳои сиёҳ»-и Су-24-ро ба президент нишон доданд

Декабрь 9, 2015 04:03

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар). — «Қуттиҳои сиёҳ»-и тайёраи ҷангии Су-24-и Русия, ки аз тарафи тайёраи F-16-и Туркия зада шуда буд, пайдо гардида, ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин нишон дода шуданд. Тавре ки вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу иттилоъ дод, қуттиҳои мазкур аз маҳали сарозер шудани тайёра дар натиҷаи амалиёти махсуси неруҳои артиши Сурия пайдо ва дастрас  шуданд. 
Президенти Русия Владимир Путин ба вазири мудофиа Шойгу супориш дод, ки «қуттиҳои сиёҳ» дар ҳузури коршиносони байналмилалӣ кушода шуда, мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. «Аммо новобаста ба натиҷаҳои омӯзиши қуттиҳои сабткунандани тайёра, ки самту баландӣ ва суръату маҳали парвози тайёраро сабт мекунанд, муносибати мо ба амали содиркардаи кишвари Туркия тағйир намеёбад, — гуфт В.Путин ва илова кард, ки:
 — Мо ба Туркия  на танҳо ҳамчун ба кишвари дӯст, балки ҳамчун иттифоқчӣ дар мубориза ба муқобили террор муносибат доштем ва ҳеҷ кас ин зарбаи хоинона аз пуштро мунтазир набуд».
Хотиррасон мекунем, ки 24-уми ноябри соли равон тайёраи F-16-и Туркия ба тайёраи навъи Су-24-и неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ҳамла овард, ки боиси фавти сарнишини он ва сард шудани муносибатҳо миёни Русия ва Туркия гашт. 

 

Декабрь 9, 2015 04:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд