В.Никитюк : «Роҳи ҳавоии миёни Тоҷикистону Украина бояд барқарор карда шавад»
Душанбе, 23.12.15. (АМИТ «Ховар»). — «Барқарор намудани роҳи ҳавоии миёни Тоҷикистону Украина рушди устувортари ҳамкории дуҷонибаро таъмин месозад», — гуфт дар нишасти матбуотӣ сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк.
«Украина борҳо изҳор дошта буд, ки ҷонибдори оғози барқарорсозии парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Киеву Душанбе мебошад. Баъди моҳи феврали соли 2013 қатъ гардидани парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри байни Тоҷикистону Украина мақомоти хатсайрҳои байналмилалии Украина дар бораи барқарорсозии хатсайри байни Киеву Душанбе гуфтушунид доранд. Мо, дар баробари ин, омодаем, ки ҳам парвози мустақилона ва ҳам парвози дуҷонибаи ҳавопаймоҳоро барқарор созем», — афзуд дипломати Украина.
«Мо дар ҳоли ҳозир интизори ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ва интизори барои гуфтушунид ба шаҳри Киев фиристодани ҳайат мебошем. Ин басо муҳим аст. Ҷониби Украина бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва мусофиронро дар ҳудуди худ кафолат медиҳад. Кишварҳо муносибатҳои иқтисодиро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, сайёҳӣ ва ғайра рушду густариш медиҳанд. Барои ин барқарорсозии роҳи ҳавоӣ муҳим аст», — гуфт дар хотима В.Никитюк.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






