В.Путин: амали НҲК ФР дар Сурия бо кори хадамоти махсус дар Русия ҳамоҳанг аст
Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, амалиёти Русия дар Сурия на ба хотири манфиатҳои геополитикӣ ва хоҳиши озмудани аслиҳа роҳандозӣ шуда, балки барои он ки ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» мустақиман ба худи Русия ҳам таҳдид мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Русия 24» иттилоъ медиҳад.
«Хизматчиёни ҳарбии мо дар Сурия, пеш аз ҳама, кишвари худро ҳимоя мекунанд. Амали мо дар он ҷо ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва хоҳиши машқ ё озмудани низоми нави аслиҳа нест — ҳарчанд, албатта, ин ҳам муҳим аст. Муҳим пешгирии таҳдид ба худи Федератсияи Русия аст», — гуфт В. Путин дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Русия.
В. Путин зикр намуд, ки амали НҲК ФР дар Сурия бо кори хадамоти махсус дар Русия ҳамоҳанг аст. Хадамоти федералии амният гурӯҳҳои хурди пинҳоншудаи террористӣ, бахусус ДИ-ро ошкор мекунад.
«Шумо медонед, барои чӣ қарори кумаки ҳарбии мо ба Ҷумҳурии Сурия қабул шуд ва фаъолияти пурсамар барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар ин кишвар оғоз гардид. Ҷангиён, бахусус онҳое, ки аз Русия ва кишварҳои ИДМ баромадаанд, дар ин кишвар майдони амалиёти ҳарбӣ ташкил намудаанд. Нақшаи онҳо маълум-пурзӯр шуда, минтақаи дигарро ғасб кардан аст», — гуфт Путин.
«Шумо дида истодаед, ки мақомоти Хадамоти федералии амнияти Русия қариб дар тамоми қаламрави кишвар ин ҷо ё он ҷо гурӯҳҳои мухталифи хурди террористии пинҳоншуда, бахусус ба ном «Давлати исломӣ»-ро ошкор мекунанд», — таъкид дошт Президенти Русия.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






