В. Путин: «Ба терроризми байналмилалӣ танҳо бо неруи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст»
Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ «Ховар»).«Ба терроризми байналмилалӣ танҳо бо неруи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст, бахусус дар шароите, ки амалан сарҳадҳо дар ҷаҳон кушодаанд ва ҷаҳон ҳиҷрати нави мардумонро аз сар мегузаронад ва вақте ки террористон дастгирии доимии молӣ меёбанд.
Таҳдидҳои терроризм меафзоянд. Ҳоло мушкилоти Афғонистон ҳал нашудааст. Вазъ дар ин кишвар хатарнок аст ва хушбиниро талқин намекунад. Кишварҳои каме пештар устувору худкифои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ- Ироқ, Либия, Сурия ба минтақаи бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ табдил ёфтаанд, ки аз онҳо ба тамоми ҷаҳон хатар таҳдид мекунад. Имрӯз террористон маблағ ҷамъ мекунанд, неру ҷамъ меоранд ва агар қувват гирифта, дар он ҷойҳо ғолиб оянд, ногузир дар мо низ пайдо мешаванд. Мо вазифадорем, ки онҳоро дар дуриҳо аз мо нобуд созем. Ана барои чӣ қарор дар бораи амалиёти ҳарбӣ дар асоси муроҷиати расмии ҳокимияти қонунии Сурия қабул гардид», — изҳор дошт имрӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар паёми худ ба Маҷлиси федералӣ.
В. Путин зикр намуд, ки сабақи гузашта баръало дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст. Қиёси таърихӣ дар асри XX маълум аст. «Бемайлӣ ба муттаҳидсозии талошҳо дар мубориза бо фашизми олмонӣ ҷони даҳҳо миллион одамонро рабуд. Имрӯз мо бори дигар бо неруи харобкунанда рӯ ба рӯ шудаем ва ҳақ надорем, ки имкон диҳем, то он ба ҳадафи худ расад», -гуфт Путин.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






