Ваҳдатсаро
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Дар масири таъриху тамаддуни ҳар халқу миллат фарзандони фарзонае меистанд, ки бо фидокорию худсўзиҳо роҳи пешрафт ва шукуфоии миллатро меафрўзанд. Эшон аз сўхтану гудохтан боке надоранд, омода ҳастанд, ки ҳастии худро фидои миллаташон кунанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки ҳамсони ситорагон медурахшанду ба дилҳо сурур меоранд. Барҳақ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон аз симоҳоест, ки тавонист бо фазлу дониш, рафтору кирдор ва корнамоиҳои худ хидматеро анҷом диҳад, ки то ин вақт касе анҷом надодааст. Ҳанўз воқеаҳои хунини солҳои 90-ум аз ёдҳо нарафтаанд. Ба гумонам, агар пешвои диловару кордоне, чун Эмомалӣ Раҳмон намешуд, шояд ин миллати парешонгашта то имрўз сарҷамъ намегардид.
Пас чаро мо ўро Пешвои миллат наномем? Чаро мо ҷонфидоиҳои ўро қадршиносӣ накунем? Мо бо меҳри баланду қадршиносӣ мегўем:
Шумо эй сарвари арзандаи халқ.
Умеди ҳозиру ояндаи халқ.
Шумо меъмори сулҳи тоҷиконед.
Шумо худ бар сари мо соябонед.
Шумо сарчашмадори рўзи Ваҳдат,
Шумо тобанда чун хуршеди раҳмат.
Барои миллати худ меҳрубонед,
Ба ҳар дармондае ёрирасонед.
Шукуфон кишвари мо аз Шумо шуд.
Замини тоҷикон кони сахо шуд.
Пайи ободии маъвои халқед.
Шарики шодиву ғамҳои халқед.
Шумо Исмоили сонии моед.
Илоҳо бар ҳазору сад дароед.
Чу Сайҳуну Зарафшон умр бинед,
Аз ин бустон гули мақсуд чинед.
Худоёрова Н.М.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






