Ваҳшонияти нави ДОИШ — қатли 38 кӯдаки навзод
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Террористони ДОИШ 38 кӯдаки навзоди дорои аломати Дауна (синдром Дауна) — ро ба қатл расонданд. Ин амали даҳшатборро террористон пас аз баромадани фатвое, ки иҷозат додааст «кӯдакони навзоди дорои аломати Дауна ва дигар норасоиҳо»-ро ба қатл расонанд, содир карданд.
Бино ба маълумоте, ки дар сафҳаи «Mosul Eye» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интишор шудааст, ин фатво аз ҷониби яке аз қозиёни арабитабори ДОИШ бароварда шудааст.
«Бино ба маълумоти мо, аксарияти кӯдакон аз занони ироқӣ, суриягӣ, осиёгӣ ва ҷангиёни ДОИШ ба дунё омадаанд. Аз ҷониби мо қатли 38 кӯдаки дорои аломати Дауна, ки аз 1 ҳафта то 3 моҳа буданд, ба қайд гирифта шуд. Онҳоро бо ёрии тазриқи марговар ва бӯғӣ кардан ба қатл расондаанд. Бархе аз ин кушторҳо дар Сурия ва Мосул содир шудаанд», гуфта мешавад дар иттилоия.
Бино ба иттилои муаллифони ин мавод, акнун террористон дар баробари куштани мардон, занон ва пирон, ба куштори кӯдакон низ сар кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






